Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ДАР ҲИФЗИ ВАТАН ҶОНАМОНРО СИПАР МЕКУНЕМ!

ВОКУНИШ. Як мавҷудоти рўи замин, ки инсон ном дорад, имрўз комилан рафтори худро тағйир додааст, яъне дар назар дорам бевиҷдонону гумроҳони бераҳму шафқат, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ворид гардида, рўи рост, дар пеши назари ҷаҳониён инсонро қатл намуда, ёдгориҳои нодири фарҳангию таърихии халқу миллатҳоро ба тороҷу яғмо мебаранд. Куҷо шуд адлу инсоф ва инсонияти мардум? Аз чунин рафтор дар онҳо шинохтани инсони комилро дар ҳақиқат мушкил шудааст ва ин амали ҷоҳилонаи ин қабилаи одамон боиси қаҳру ғазаби ҷаҳониён гардидааст.

Ҳодисаи нангине, ки шаби 6 ноябри соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ноҳияи Рўдакӣ рух дод, ин рафтори номатлубонаи  терорристон, ки ҳарруза нияти вайрон кардани сулҳу оромии миллати тоҷикро мекунанд, исботу далели ин гуфтаҳост.  Ин гуна афрод, яъне вайронкунандагони оромӣ дар фикру акидаи зиндагии худ набуда, ба зиндагии дигарон халал расонда,  падару модареро бефарзанд, занеро бешавҳар ва кўдакеро бепадар мекунанд. Ин гуна ашхос агар ободиро мехостанд, аввал манзиле, ки онро барои худ Ватан мешуморанд, обод мекарданд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки на нияти обод кардан, балки вайрону валангор карданро доранд. 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он водор намуданд, ки ислом ба терроризм ва экстремизм ягон робитае надорад, вале имрўз кўшишҳои ба рақиби идеологии ҷаҳонӣ табдил додани ислом ва мардуми мусулмон идома дорад.

Аз рўи хулосаҳои худ  як маҳфумро маротибаҳои зиёд иброз мекунам, ки мушкилоти ҷавонони имрўзаи мо дар он ифода гашта истодааст, ки исломро аз имон фарқ карда наметавонанд, ин бевосита пеш аз ҳама мушкилоти худи онҳо мегардад, ки ҳаёту зиндагии худро табоҳ сохта, баъдан бо ин рафтори худ дар ҷомеа доғ мегузоранд. Хусусан,  иштирок дар ҷангҳои бемаънову дассисаҳои беасос дар ҳодисаҳои сиёсии Сурия ва таъсиси ДИИШ вусъат ёфта истода, ки ба Точикистон низ дахолат намудааст ҷавонони бемаърифату беиродаи тамоми ҷаҳонро гирди худ ҷамъ оварда, ин тамоюл гурўҳҳои экстремистон ва миллатгароёнро бо таҳқиру шиканҷаи мусулмонон фаъолтар намуданд.

Бадбахтона, имрўз зиёд ба мушоҳида мерасад, ки собиқ Ҳизби Наҳзати Исломи Точикистон давлату Ҳукумати кишварро мухолифони дини мубини ислом муаррифӣ  карданду хостанд, ки сафи тарафдорони хешро зиёд намуда, мардумро ба шўр оварда дар миллат оташи ҷанги бемаъноро барангезанд. Албатта, дар кишваре, ки мардумаш дар фазои орому истиқлолияташ ҳазорон орзую умед менамоянд барояшон нафоридаву дигар роҳи таъсиррасониро наёфта зўрашон танҳо ба силоҳу аслиҳа расидааст.

Пешвои миллат дар Паёмашон супориш доданд, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 таҳия ва пешниҳод созанд. «Дар доираи тақвияти мубориза бо экстремизм ва терроризм бояд номгўи субъектҳои ба онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонда, дар баробари ин, ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзўр карда шавад».

Мо ба наздикони қаҳрамонона фавтидаи ҷавонмардони муҳофизи марзу буми Ватан, ки дар задухўрди шаби 6-ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Рўдакӣ рухдода сабри ҷамил хоҳонем. Мо низ ба дарди шумоён шарикем. Сад афсус, ки онҳо аз байнамон рафтанд. Илоҳо хонаи охираташон ҳамеша обод бошад.

К. Файзизода,  узви гурўҳи вккилии МВХ н.Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg