БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАДХОҲОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

ВОКУНИШ. Ҳодисае, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 аз тарафи шахсони номаълуми ниқобпуш рух дод амали ноҷавонмардона буда, онҳо мехостанд оромиву осоиштагии Тоҷикистонро халалдор намоянд. Бахусус ин амалӣ онҳо дар таҷлили 25-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон таҳрези гардидааст. Душманони миллати тоҷик аз ҳар роҳу восита истифода менамоянд, то ки ба тинҷиву оромӣ ва зиндагии хушбахтонаи миллати тоҷик таъсири бади худро расонанд.

Ин душманони қотили миллат аз хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба                  25-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон авфи тиллои эълон кард ва мардум онро хуш пазируфтанд, халалдор созанд. Ин бадхоҳони миллат ба мисли сагони девона аз пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ангушти ҳайрат газида мехостанд ба осоиштагию пешравӣ ва тинҷиву оромии Тоҷикистон халал ворид намоянд. Ба ин қотилони миллат муроҷиат намуда, гуфтанием: “Эй бадхоҳони миллат шумо дигар наметавонанд ба мақсади нопокатон бирасед, чунки мардуми тоҷик дигар он мардуми гумроҳ нест. Гумроҳ шумоед, ки Ватан–Модар ва сарзамини биҳиштосои худро  ба пул иваз карда дину мазҳаби худро ба хоҷагони  хориҷиатон фурухтаед. Марг ба шумо разилон. Халқи тоҷик дар ҳама ҳолат дар бари Пешвои худ ҳастанду Ватани худро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҳама гуна ҳодисаҳо ва аз шумо барин разилон ҳифз менамоянд”.

Мо ин амали разилонаи террористони ДОИШ-ро сахт мекунем. Нест бод террористону экстримистон!

 

Саидзода Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон                                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg