БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИН АМАЛИ ТЕРРОРИСТИИ ДОИШ БА ҲАМЛАҲОИ ҚАБЛӢ  МОНАНДӢ ДОРАД!

АНДЕША.Тавре аз сомонаи иттилооти Ховар огаҳӣ пайдо намудам, шаби 6-уми ноябри соли равон тақрибан соатҳои 3-23 дақиқа 20-нафар силоҳбадастони ниқобпӯш ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” –и отряди қисми ҳарбии “Султонобод”-и ноҳияи Рудакӣ воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳамлаи террористӣ анҷом доданд. Ин кирдори содиршуда дар “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат гирифтааст. Хушбахтона, бо ҷасорат ва матонати шикастнопазири фарзандони ҷасуру далери Ватан 15 нафар аз ин хоинон безарар гардонида шуда, 5-нафари дастгир шуданд. Тафтишот нишон додааст, ки ин дастгиршудагон эътроф кардаанд, ки онҳо аъзои ташкилоти террористӣ-экстримистии дар Тоҷикистон мамнуъи ДОИШ мебошанд ва ин амалро бо супориши махсус анҷом додаанд.

Пайдост, ки ин амали ноҷавонмардона дар пайи сафари кории Пешвои миллат ба кишварҳои аврупоӣ, ки дар назар буд, Сарвари давлат бо доираи васеъи роҳбарони ин кишварҳо, сиёсатмадорон ва сармоягузорони кишварҳои аврупоӣ мулоқот анҷом диҳад ва созишномаҳои давлативу тиҷоратӣ ба имзо расонида шавад таҳрезӣ гардидааст. Маҳз террористон бо супориши махсус бо мақсади ноором нишон додани вазъи Тоҷикистон дар аврупо ва сади роҳи имзои созишномаҳои тиҷоратӣ бо сармоягозорони аврупоӣ шудан ин амали террористиро анҷом додаанд. Маълум аст, ки аз чунин ранг гирифтани кор гурӯҳе ва ё кишваре манфиат дор аст.

Ногуфта намонад, ки таи ду соли охир наҳзатиён аз кишварҳои аврупоӣ дархост карда истодаанд, ки сармоягузориро ба Тоҷикистон қатъ намоянд, дар ғайри ин сурат онҳо аз иқдомҳои ҷиддӣ руи кор мегиранд. Ин хабар дар тамоми сомонаҳои таблиғотии онҳо пахш шуда буд. Тибқи идаъои кардаи онҳо аз эҳтимол дур нест, ки ин кор ҳам амали дасти наҳзатиён бошад.

Далели равшани робитаи зич доштани наҳзатиён бо ДОИШ, чандин маротиба ифшо шуда буд. Аз ҷумла, робитаи зич доштани ТТЭ ҲНИ-ро Собиршо Ҳасанов сокини ноҳияи Дарвоз соли 2017 ифшо намуда буд. Нобурдаро наҳзатиён бо ҳиллаву найранг фиреб карда уро бо ҳамроҳии аҳли оилааш ба Туркия мебаранду мехоҳанд ба Сурия интиқолаш диҳанд, аммо вай рад мекунад, дар натиҷа ба хотири ифшо нашудани фаъолиятҳои пинҳонии онҳо, Кабирӣ дастур медиҳад, ки уро бикушанд, то сирашон фош нагардад. Дар натиҷа ба ҷони у суйи қасд мекунанд, аммо уро нафаре наҷот медиҳаду сипас ба Тоҷикистон бармегардад.

Далели дигари робитаи наҳзатиён бо ДОИШ-ро тафтишоти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара низ нишон дода буд, ки дар таҳрезӣ ва амалӣ гаштани ҳамла ба сайёҳони хорҷӣ наҳзатиён даст доранд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадаф аз суи аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ бо номи Қори Носир, ки номбурда як чанд ҷавони 18-19 солаи тоҷикро ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фирефта намуда, барои анҷоми амалиёти куштори сайёҳон омода месозад. Сипас, санаи 29 июли соли 2018 бо дастури Кабирӣ ва нақшаи таҳрезинамудаи Қорӣ Носир ҷавонони омодашуда, дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла карда дар натиҷа чор сайёҳи хориҷиро ваҳшиёна бақатл мерасонанд. Мавриди зикри хос аст, ки Қори Носир дар ТТЭ ҲНИ-и дар Тоҷикистон мамнуъ вазифаи фирефта (завербовка) кардани ҷавонон ва фиристодани онҳо ба Суряву Ироқ ҳамчун ҷиҳодии ДОИШ машғул аст. Ногуфта намонад, ки дар айни ҳол ба Сурияву Ироқ фиристодани ҷавонон яке аз сарчашмаҳои асосии даромади наҳзатиён низ ба ҳисоб меравад.

Як рӯз пеш аз амалӣ гаштани ин ҳамлаи террористӣ дар сомонаи таблиғотии наҳзатиён https://ksaadat.co, ки модератораш Саидюнуси Истаравшанӣ мебошад, мақолае бо номи “Таърихи масрафи ДОЪИШ ҳанӯз поён наёфтааст” пахш шуда буд. Пахши ин мақола худ ишора ба ин ҳамла буд.

Дар охир ба бовари метавон гуфт, ки ин ҳамлаи террористии ДОИШ ба Дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” бо ҳамлаи қаблӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара монандӣ дорад. Соли гузашта тибқи маълумотҳои расмӣ наҳзатиён дар ҳамкорӣ бо ДОИШ дар ростои эълон гардидани соли 2019  “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мехостанд бо ҳамла намудан ба сайёҳони хориҷӣ нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш дода, садди роҳи ҳузури гардишгарон ва сармоягузорон шаванд. Ин маротиба бошад, ин амали терррористиро, террористони ДОИШ дар пайи сафари расмии Пешвои миллат ба кишварҳои аврупо бо ҳадафи паст кардани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, сади роҳи сармоягузориҳо ба Тоҷикистон шудан ва ноором сохтани вазъ амалӣ намуданд.

Ақли солим ҳамеша ғолиб аст, бо ин хотир боқимондаи хулосаро ба хонандаи азиз вогузор мекунем!

 

Шаҳбози Искандар,

корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg