БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУТТАҲИД МЕШАВЕМ!

ВОКУНИШ. Шабехуни гурӯҳаки ифротии террористӣ ба дидбонгоҳи марзбонӣ ҳодисаи сода нест. Он дар асл шабехун ба давлати мо, ба мардуми мо, ба озодии мо, ба суботу осудагии ин сарзамин аст. Агар ҳоло ба 20 нафари онон убури марз даст дода бошад, он сӯи марз ҳазорони дигар машқ дидаву саф кашидаанд. Ва бадтар аз ин, ин нерӯи сиёҳ дар муқобили давлату давлатдории мо аз марказҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ идора ва самт дода мешавад.

Чунине дидем, чунин гурӯҳакҳо дар алоҳидагӣ дар  баробари нерӯи давлати мо ҳеҷанд, аммо тавону таҷрибаи пуштибонони онон басе бузургтар аз инанд ва худи терроризм як сиёсати калони қудратҳои ҷаҳонӣ ва як барномаи васеи фароминтақавист...

Бинобар ин, шабехуни ин гурӯҳак  паёмест ошкор ва ҷиддӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ту, оилаат, падару модарат, хонаат, деҳаат, шаҳрат, ватанат, миллатат, давлатат, озодият, истиқлолиятат, забонат, фарҳангат, тамаддунат дар хатар аст! Зеро хатари ифротгароию терроризм чунин сӯзандаву фарогир аст...

Ин паёмест, ки бадхоҳони ватану миллати мо ҳанӯз бо ҳастии миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва зиндагии озоди мо оштӣ накардаанд, ҳануз дар пайи нақшаҳои нопоки худанд ва бо ин ҳадаф якеро дар Шарқ пеш андохтаанду дигареро дар Ғарб...

Бинобар ин, дар чунин соати ҳассос ҳамаи мо, новобаста аз синну сол, касбу кор ва мавқеи сиёсию иҷтимоӣ бояд дар атрофи ватан, давлат, ормонҳои миллӣ ва муҳофизони ҷонбаркафи он муттаҳид бошем. Зеро ватандорию ватанпарастӣ касбу кор нест, балки зарурати ҷонию вазифаи ҳамагонист. Ва суботу амният низ фақат ниёзи давлат нест, балки зарурати ҳаётии ҳар фард аст.

Дар чунин лаҳзаи эҳсоси таҳдиду ташвиш маҳз огоҳии баланди сиёсӣ, мавқеи масъулонаи шаҳрвандӣ ва ҳисси зотии ватандорӣ нерӯест, ки фард-фарди моро  муттаҳид месозад ва шикастнопазирии моро ба намоиш мегузорад. Муттаҳид ва устувор.

Муттаҳид ва пойдор!

 

 Сайфулло Сафаров

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg