БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ - САДОҚАТ БА ВАТАН АСТ!

ВОКУНИШ. Дастовардҳои сиёсии солҳои охири Тоҷикистон, ки дар маҷмўъ аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборат мебошад, ҳамчун омили асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ гардида, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, аҳли  соҳибихтиёри он дар радифи кишварҳои пешрафта қадам  ниҳода, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардида истодааст.

Боиси сарфарозист, ки имрўз  давлати Тоҷикистони  моро дар дар арсаи байналмилалӣ  ҳамчун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр ҳамаи ҷаҳониён мешиносанду эътирофаш менамоянд.

Тоҷикистон имрўз аъзои тамоми созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла, узви Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил,Созмони конфронси исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо,  Ҷомеаи иутисодии Авруосиё ва дигар созмонҳо буда, обрӯю нуфузаш ҳамчун пешоҳанги ҳали масъалаҳои глобалии ҷаҳон  пайваста боло рафта истодааст.

Миллати шарафманди тоҷик  бо файзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва фазои сулҳу суботи сиёсӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти мамлакат,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта бо дарки   амиқу эҳсоси баланди воқеияти таъриху тамаддуни миллати тоҷик, дар рушду эъмири давлати тоҷикон   саҳмгузорӣ менамоянд.

Боиси сарфарозист, ки меъёрҳои демократӣ дар ҷумҳурии мо пайгирона амалӣ гашта истодааст ва маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофарии миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем.

Дар ин маврид мехоҳем қайд намоем, ки маҳз бо шарофати сулҳу  ваҳдат ва суботи сиёсии ҷомеа  мардум эҳтиёҷоти динии худро тавассути динҳои гуногун, аз ҷумла дини мубини ислом озодона амалӣ мегардонанд.

Имрўз таваҷҷуҳи  Ҳукумати мамлакат дар масъалаи маърифати динӣ ва баланд бардоштани дониши динии шаҳрвандон омили паст рафтани раванди паҳншавии ифротгароии динӣ гардида, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Точикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниву маъракаҳои сиёсву фарҳангии характери динӣ дошта дар сатҳи давлатӣ гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки маҳз дар ин марҳила бо назардошти заҳмату талош ва саҳми Роҳбари давлат, Пешвои миллат муњтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимояи дини мӯбини Ислом, ба руйхати 500 мусулмони бехтарини ҷаҳони ислом ворид карда шуд.

Маълум аст, ки ифротгароии динӣ дар ҷомеа таъсири манфии худро ба суботи сиёсӣ ва амнияти давлатӣ мерасонад ва мусаллам аст, ки ҳар фард исломро ба дил мешиносад, на ба монанди хоинони миллату мазҳабфурўшон бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ва  ҳаммаслаконаш аз қабили”Гурўҳи 24” ва “Паймони миллӣ”, ки динро ниқоб карда тавассути он ҳадафҳои нопоки сиёсии хоҷагони хориҷиашонро мехоҳанд ба анҷом  расонанд.

Пеш аз ҳама, ин хоинон худ аз дини мубини Ислом дур гардида, бисёр ҷавононро гумроҳ ва  аз Ватану хешовандон, ёру дӯстон, зану фарзандон ва хонаву дарашон ҷудо намудаанд. Онҳо барои  ба даст овардани маблағҳои хоҷагони хориҷиашон барои халалдор намудани вазъи сиёсӣ, заъфи мафкураи сиёсии мардум ва ҳамзамон  дур намудани онҳо аз сиёсат ва ҷорӣ намудани таассуби динӣ кӯшишҳо карда истодаанд ва хушбахтона, ҳадафҳоии нопоки онҳо дар ниҳояти кор  ҳамеша  барбод рафта истодааст.

Имрўзҳо, ки сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Фаронса сурат гирифта истодааст, гуруҳе  иборат аз чанд нафараке аз ҷонибдорони Ҳизби террористӣ- экстремистии наҳзатиён ва  ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24” дар шаҳри Берн алайҳи сафари Сарвари давлати тоҷикон ба ном намоиши эътирозӣ ташкил карда, аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дархост намудаанд, ки кўмаки худро барои Тоҷикистон қатъ кунанд.

Дар ин замина, ин хоинон дар рўзи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши махсуси хоҷогонашон,  бо истифода  аз қувваи гурӯҳи зархариди террористӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ задухӯрди мусаллаҳонаро ташкил намудаанд.

Таҷрибаи таърихии ҳодисаҳои солҳои охири асри ХХ дар Тоҷикистон нишон дод, ки ҳар гуна зўроварӣ роҳи ҳалли мушкилот набуда, гузашта аз ин натиҷаи хуб намедиҳад.

Бояд дарк намуд, ки дар шароити тағйирёбии вазъи геополитикӣ ва сиёсии ҷаҳони муосир  ва вусъати низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ, инчунин ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзию трансмиллӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, тамомияти арзии худ, сулҳу суботи ҷомеа омода ҳастанд.

Бо қатъият изҳор менамоем, ки дини мӯбини Ислом дар ватани мо ба ҳизбе  ба монанди Ҳизби террористӣ- экстремистии наҳзатиён ниёз надорад ва нисбати ифротгарии динӣ ҳар фарди  бо нангу номус муборизаи беамон хоҳад бурд, чунки  мо ватандӯст ҳастем ва сатҳи зиракии сиёсии шаҳрвандони мо  низ хеле баланд рафта, ба ҳама дассисаву иғвои душманони миллат ҷавоби сазовор хоҳанд дод.

Хоинони миллатро ёдрас менамоем, ки дар давраи навини давлатдорӣ худ, миллати тоҷик аз ҳама имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, маҳз бо талошҳои ҷонсўзонаю шабонарўзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди сарнавишти беш аз ҳазорсола соҳиби Истиқлолият ва давлати мустақилу соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гардида, ба сулҳу ваҳдату якпорчагӣ расид.

Дар лаҳзаҳои барои  давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  ҷоннисориву талош ва саъю кўшиш тавонист миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, хатари аз миён  рафтани давлатро рафъ созад.

Халқи тоҷик дар симои ў Сарвари ҳақиқии хешро дарёфта тавонист, ки сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар ва бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро таъмин намояд.

Аз ин рў,  мо бо қатъият изҳор менамоем,  ки  Садоқат ба Президент - ин Садоқат ба Ватан аст ва иғвои хоинони миллатро бо ташкили иғвою дасисаҳояшон ҳамчун воситаи халадор намудани вазъи сиёсии ҷомеа, маҳкум менамоем.

Имрўз дар партави сиёсати созандаи Пешвои  муаззами худ, ҳар шахси ватандўст  бо  амалу сухани созанда дар таҳкими истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, сулҳу ризоияти миллӣ, осудагиву  ободии Ватани  азиз содиқонаву софдилона саҳмгузорӣ  менамояд ва хушбахтона имрўз тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки суботи ҷомеа муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ  ва нерўи таконбахши ҳаёти мо мебошад.

 

Амирзода Аловуддин, котиби масъули нашрияи “Ҳамрози халқ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg