Ҷайҳун. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Меҳнатобод»и ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ карда, иброз доштанд, ки воқеан мо шоҳиди он ҳастем, ки яке аз марҳилаҳои таърихӣ ва сарнавиштсози миллати сарбаланди тоҷик дар айни даргириҳои хунини солҳои 1991-1992 Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз оғози гардиши куллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон гашта, дар низоми давлатдорӣ барои миллат заминаи асосӣ гузошт. Интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин қарори Иҷлосияи мазкур буд, ки аҳамияти бузургии онро воқеаҳои баъдина тасдиқ карданд.
Дар Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 декабри соли 1992 ба мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр гардида буд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам».
Дар идомаи масъала интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ баррасӣ шуд.