ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ»-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди ҷамъомадагон ҳисобот дода, қайд дошт, ки ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳо оид ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» фаъолона иштирок намуданд.
Дар идомаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва вакили конференсияи ноҳиявӣ интихоб гаштанд.