ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 27 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Обшорон” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ”, ки мақсади асосии ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири боз ҳам обод кардани деҳа ва маҳалаҳои аҳолинишин мебошад, суханронӣ намуд.
Сипас, бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ раиси ташкилот ва вакили Конференсияи ноҳиявӣ интиҳобва пешбарӣ карда шуд.