БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ РОҲНАМОИ МИЛЛАТ АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии  «Баҳор»-и Ҷамоати деҳоти Ватан бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ташкилоти ибтидоии  мазкур М.Шарипов ҳусни оғоз бахшида, дар бораи моҳияти Конститутсия ҳамчун санаи муҳим ва раҳнамои миллат андешаронӣ намуд.

Сипас, намояндагони ҳизбӣ  дар бораи бобҳои алоҳидаи Конститутсия ҳарф зада, кайд намуданд, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат манфиатҳо ва иродаи халқ ё худ гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоии ҷамъиятро ифода карда, асосҳои муҳими сохтори ҷамъиятӣ ва ташкили ҳокимияти давлатии дахлдорро дар заминаи манфиатҳои онҳо мустаҳкам месозад.

Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлатӣ аз рӯи нишонаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ифодакунии демократия, шакл, тартиби қабул ва тағйирдиҳӣ, доираи амал, мақсаднокӣ тасниф карда мешавад. Дар таълимоти ҳуқуқии муосир моҳияти Конститутсия як навъ шартномаи ҷамъиятӣ маҳсуб шудааст, ки дар он муносибатҳои муҳими давлат ва шаҳрванд муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба ҳар як давлат - шакли идоракунӣ, сохти давлатӣ, реҷаи сиёсӣ, низоми ҳуқуқӣ, дурнамои идеологӣ ва ба ин монанд махсусиятҳо фарқ мекунанд. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон чун роҳнамои давлати соҳибистиқлол дар рушду ободи ва оромии кишвар нақши муассир дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg