ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Боғчаи №2”-и ноҳияи Темурмалик бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Зимни мулоқот, роҳбарияи Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи рӯйдоди муҳиму тақдирсоз -ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ карда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона карда, ватандӯст будани худро собит созем.
Ҳамзамон, баромадкунандагон дар бораи тарбияи дурусти насли наврас, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳо мебошад, фикру андешаҳои хешро баён доштанд. Аз ҷумла таъкид карданд, ки тарбияи дуруст аз хона ва боғчаю муассисаҳои таълимӣ сарчашма мегирад. Кормандони соҳаро лозим аст, дар ин масъала масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Сипас, аъзои ташкилот раиси ташкилоти ибтидоӣ ва вакили конференсияи ҳизбиро интихоб карданд.