БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИҶРОИ ВАЗИФАҲОИ ХУД БО ВИҶДОНИ ПОК АМАЛ МЕКУНЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Молия» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷамъомад доир гардид. Дар рафти он ҳисоботи 2,5  солаи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, раиси ташкилот аз нав таъин ва вакилон ба Конференсияи 21-уми ҳизбӣ   пешбарӣ гардиданд.

Дар идома масъулин дар хусуси банақшагирии дурусти буҷети маҳаллӣ ва шаффофияту адолатнокӣ дар сарфу харҷи буҷет сухан гуфта, ҳозиринро барои бо дасту дили пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.

Инчунин, қайд гардид, ки даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ҷомеаро  ба вайронкорӣ ва нобаробарӣ мебарад. Касе, ки шинохти муайяни виҷдонӣ, имонӣ ва қонунӣ надорад, вазифаи худро бидуни тамаъ иҷро намекунад. Ин ҳолат инсонро аз иҷрои уҳдадории холисона ва қонунӣ дур менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg