ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Сафарбоён” баргузор гардид.
Намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст, ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ва бунёдкорона ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.
Инчунин, дар идома маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардида, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва пешбарии вакилон ба Конференсияи ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии «Ҳаёти нав» дастаҷаъмона ба шанбегӣ баромада, бо тоза кардани гирду атрофи манзили зисташон, тоза кардани ҷӯйбору роҳравҳои маҳал машғул шуданд.