БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУНЁ АЗ БЕҲТАРИНҲОСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории миллӣ» баргузор гардид.

Дар  Конференсия роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ , аъзои гурӯҳи таблиғотӣ ва сарварону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

Масъулин оид ба нақши Конститутсия дар раванди сохти давлатдорӣ, зарурати ворид гаштани тағйиротҳо ба Конститутсия бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ва дигар паҳлуҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз суханронӣ намуда, қайд карданд, ки саҳми ин санади тақдирсоз дар рушду нумуи давлат арзанда мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз беҳтаринҳо дониста шудааст.

Дар охир аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимии мазкур шеъру сурудҳои ватанпарварона пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg