БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО АЪЗОИ ҲИЗБИ СОЗАНДАЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Куҳандиёр”-и Ҷамоати ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир карда шуд. 

Дар баромади раиси ташкилоти ибтидоӣ зикр шуда, ки  иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ вазифаи асосии мо ҳизбиён буда, месазад барои шаффофу демократӣ гузаронидани ин чорабинии сиёсӣ талош варзем.

Аз ҷониби аъзои ташкилот раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, 1 нафар аъзои ташкилот ҳамчун вакил ба Конференсияи XIV-уми ноҳияви пешбарӣ гардид.

Сипас, намояндагони ҳизбӣ оид ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ ҳидоят намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg