БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪРАКАИ СИЁСӢ МАСЪУЛИЯТНОКӢ МЕХОҲАД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Камароб»-и деҳаи Камароби Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ маҷлисро оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ  ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар навбати худ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сухан гуфта, аъзои  ташкилоти ибтидоиро ҷиҳати иштироки фаъолона дар  маъракаҳои муҳими сиёсӣ, ки масъулияти баланд мехоҳанд, ба ҳушёриву зиракӣ даъват карданд.

Дар идома раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, вакил ба Конференсияи 14-уми ноҳиявӣ пешбарӣ карда шуд.

Чорабинӣ бо пурсишу посухҳои тарафайн ба охир расида, иштирокдорон ба худ таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg