ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Талко-Кемикел”-и ноҳияи Ёвон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси аъзои ташкилот вакили арзандаро ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ карданд.
Дар ҷамъомад намояндагони ҳизбӣ оид ба саҳми намоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти созандагиву бунёдкорӣ, роҳандозии корҳои созандагӣ оид ба иқдоми инсонпарваронаи Пешвои миллат дар самти қабул гардидани Қонуни авф дар Тоҷикистон суханронӣ карданд.