БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШОҲСУТУНИ ҲУҚУҚ ВА САРЧАШМАИ ҚОНУНГӮЗОРӢ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бо сокинон вохӯрӣ баргузор карданд.

Масъулин доир ба чорабиниҳои пешазинтихоботӣ, иштирок  дар раванди интихобот, нақши Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, Конститутсия шоҳсутуни ҳуқуқӣ ва сарчашмаи қонунгузорӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва ифротӣ, масоили ҷудошавии оилаҳои ҷавонон, ҳолатҳои худкушиву худсӯзӣ, ҳифзи саломатӣ ва беҳдошт, риояи талабот ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози назар карда,  ҳар як ҷамъомадаро барои аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан-Модар,арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон, алалхусус ҷавонон  раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg