ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳосилобод»-и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия қайд карданд, ки Конститутсия дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намуда, барои устувории соҳибихтиёрӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ғояҳои инсодӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.
Аз ин рӯ таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот пойдор гашта, дар тамоми соҳа ба пешравиҳо муваффақ гардем.
Сипас, чанде аз иштирокдорон дар бораи нақши Конститутсия дар таҳкими ғояҳои соҳибистиқлолии кишвар фикру андешаҳои хешро баён дошта, Конститутсияро санади тақдирсози давлату миллат унвон намуданд