Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Навбаҳор»-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯри намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок намуда, дар бораи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ, ки аз Маҷлиси КИМ ҳизб бармеояд ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба хусус, тозаю озода нигоҳ доштан ва ободу зебо гардонидани маҳали зист, пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳани бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ ибрози назар карданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки солимии мо аз муҳити зист вобастагии амиқ дорад ва моро зарур аст дар таъмини ҳифзи солимии худ масъулиятнокӣ зоҳир намоем.