Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гулбаҳор»-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоӣ иштирок дошта, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд. Бо овоздиҳии дастаҷамъона раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, вакил ба Конференсияи ХII-уми ноҳиявӣ пешниҳод гардид.
Дар идома масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоӣ, раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтни ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози суханронӣ карданд.