Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Канзи Шифо» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар баробари баргузории хониши сиёсӣ, инчунин маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор карда шуд.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи фаъолияти 2,5 солаи ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот пешниҳод намуда, аъзоёнро барои саҳмгузорӣ дар рушду нумуи кишвари азизамон даъват намуд.
Сипас, масъулини ҳизбӣ дар бораи масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла фаъолияти бомароми соҳаи тандурустӣ ва саҳми пизишкон дар солимии ҷомеа ибрози ақида намуда, зикр карданд, ки солимии миллат аз масъулияти баланди кормандони соҳа вобастагии амиқ дошта, мутахассисонро зарур аст,баҳри ҳифзи сиҳатии омма дар вазифаҳои бардушдоштаашон софдилона хизмат намоянд.
Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бошад, раиси ташкилот аз нав интихоб ва вакилон ба Конференсияи 13-уми ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.