ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Барқи тоҷик»-и ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Мулоқот аз ҷониби масъулини ҳизбӣ оғоз ёфта, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, масъалаҳои пешгирии муҳоҷирати қувваи корӣ ба давлатҳои хориҷа, адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон -хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи соли 2020 андешаронӣ карда шуда, ҳар як иштирокчии вохӯрӣ барои масъулияти баланди шаҳрвандӣ зоҳир намудан дар чорабиниҳои ҳизбӣ даъват гардиданд.