ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Челониҳо”-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон вохӯрӣ баргузор гардид.
Маҷлисро намояндагони ҳизб ҳусни оғоз бахшида, дар назди ҷамъомадагон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, инчунин доир ба Конститутсия ҳамчун санади тақдирсозбарои миллати тоҷик суханронӣ намуда, ҳамагонро ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамоӣ карданд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.