ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 9 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “ Сомониён” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Рроҳбарияти Кумитаи иҷроия дар суҳбат оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ”, ки мақсади асоси ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири боз ҳам обод кардани деҳа ва маҳалаҳои аҳолинишин мебошад, суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки сокинон дар 3соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст.
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ раиси ташкилоти ибтидоиро интихоб карда, ба вакилии Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ намуд.