БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОКИ ВАТАН МУҚАДДАС АСТ, ҲАР НОХАЛАФ ЛОИҚ БА ВУРУД НЕСТ!

ВОКУНИШ. Боз як амали ноҷавонмардона аз ҷониби террористони ДИИШ анҷом дода шуд. Онҳо шаби 6-уми ноябри соли равон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди «Султонобод» ҳуҷум карданд. Дар  амалиётҳои муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расиданд.       

Бадхоҳон ҳеҷ гоҳ муваффақ намешаванд. Ин сарзамин бесоҳиб нест, ки ҳар кас чӣ коре, ки хоҳад анҷом диҳад. Ин Ватан вориси худро дорад. Ворисаш фарзандони бонангу номуси онанд. Фарзандони диловари ин Ватан барои ҳимояи марзу буми он омодаанд, ки аз баҳри ҷони хеш гузар кунанд. Дар ин  ин сарзамин лоиқ нест, ки ҳар хоин по гузорад.  Диловарони ин Ватан барои таъмини амнияти кишвар ҷонбозиҳо карда, Тоҷикистонро ба як кишвари воқеан ҳам тинҷу осуда, ки сокинонаш шабу рӯз хотирҷамъона зиндагӣ ва кору фаъолият доранд, табдил додаанд.  

Ростӣ бовари кас намеояд, ки наход инсон то ин дараҷа гумроҳ, аблаҳ, бадахлоқ бошад. Дар даст  яроқ гирифта сарҳадро убур кунад, оромии давлат, зиндагии осудаҳолонаи  мардумро халалдор созад, одам кушад. Ростӣ ягон даранда, ҳайвони ваҳшӣ  ин корро намекунад. Агар онҳоро ақраб гӯем? Не, ақраб кина надорад, инҳоро вуҷудашон пур аз кина аст.  Агар саг гӯем? Не, саг вафодор аст. Агар хар гӯем. Не, хар ба мардум хизмат мекунад. Ҳар ҳайвонеро гӯем нисбати ҳайвон таҳқир ҳисоб мешавад. 

Инҳо чӣ мақсад доранд? Чӣ мехоҳанд? Ҳеҷ кас намедонад. Онҳо худашон намедонад, кӣ ҳастанд. Ҳамаи ин аз бесаводӣ, бетарбиягӣ аст. Онҳоро волидайнашон тарбия надодаст, омӯзгорашон дарс нагуфтааст, ҷомеа ахлоқи ҷавонмардӣ наомӯхтааст. Аз таълимоти дунявию динӣ баҳрае набурдаанд. Онҳо  махулуқи ваҳшие ва манқурте беш нестанд.   

 Мегуянд, ки ду немат бисёр қиматанд, ки мардум фаромушашон мекунанд. Яке саломатӣ, дуюмӣ тинҷӣ. Ба будани ин ду неъмат бояд шукр гӯем.

Ба чунин хоинон ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳем, ки гарди нопоки қадами онҳо ба сарзамини мо расад. Онҳо ҳуқуқ надоранд, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ гӯянд.    

М. Акрамов – корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg