БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗ ЯК БОРИ ДИГАР ХОИНОН ХОСТАНД АМАЛИ ШУМИ ХУДРО НИШОН ДИҲАНД

ВОКУНИШ. Имрӯз баъди огоҳӣ ёфтан аз ҳамлаи гурӯҳи силоҳбадастони 20 нафара ба ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» сахт андӯҳгин гаштем. Бори дигар чеҳраи шуми терроризму экстримизм нишон дод, ки террористон на дин доранду на Ватану на миллат. Боз як бори дигар хиёнаткорони Ватан ва зархаридону душманони мардуми Тоҷикистон амали разилонаи худро нисбати Ватану фарзандони содиқи миллати тоҷик, ки имрӯзҳо марзу буми Ватани азизамонро ҳифз менамоянд нисбати онҳо амали террористиро ба анҷом расониданд.  Аммо ҳимоятгарони бонангу номуси Ватан бар зидди хоинони миллат баромада, онҳоро иҳота намуда, дар муддати кӯтоҳ безарар гардониданд.

 Марзбонони шуҷои Ватан нагузоштанд, ки террористони зархарид тинҷию амонии Тоҷикистони азизро халалдор созанд. Саркардаҳои амали мазкур, мехостанд, ки Тоҷикистонро  мисли солҳои аввали 90-уми асри ХХ табдил диҳанд. Аммо мардуми тоҷик дигар он солҳоро дидан намехоҳад. Зеро мардуми сарбаланд ва шарифи Тоҷикикстон он рӯзҳои шумро аз ёд набаровардааст. Ва дар даврони оромиву сулҳ, якдигарфаҳмӣ ва дар Ваҳдату мутаҳиддӣ зиндагӣ кардан одат намудааст, зеро мардуми мо аз азал мардуми сулҳпарвар ва талқинкунандаи он буд, ҳаст ва  хоҳад монд.

Мо сокинони шаҳри Бохтар амали террористии хоинони миллату Ватанро сахт маҳкум намуда, ба террористони ДОИШИ  ҳазор маротиба лаънату нафрат мехонем. Зеро ин бадзотон дар рӯзи муқаддас барои мардуми Тоҷикистон – Рӯзи Констиуттсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иди мардуми тоҷикро мехостанд, ба хоку хун олуда намоянд.

Аз номи сокинони шаҳри Бохтар ба наздикону пайвандони ду нафар шахси ҳалокгардида, ки ҷони худро барои ҳифзи марзу буми Ватан – Модар, сулҳу ваҳдат, оромиву осудагии мо қаҳрамонона фидо намудаанд, изҳори тасаллият намуда, аз даргоҳи Илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонем.

Наҷидуллозода Насриддин Вафо,

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg