БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИ ТЕРРОРИСТИИ ҲАМЛА БА ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “ИШҚОБОД”-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!   

ВОКУНИШ. Ҷомеаи ҷаҳониро гурӯҳҳои терорристӣ  ва экстремистӣ ба ташвиш овардааст. Терорризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошад, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва ба тамоми ҷавонони ҷомеа хатар эҷод мекунад. Айни замон гурӯҳи терорристии бо ном «Давлати исломӣ» ҷавононро бо ҳар гуна роҳу усулҳо ба доми худ кашида, сапас онҳоро ба куштору қатл ва анҷом додани таркишҳо равона месозанд.

Рӯҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид намуданд, ки гурӯҳҳои терорристиву экстремистӣ, ки амалҳои террористии худро бо номи «Ҷиҳод» анҷом медиҳанд ба ислом асло робитае надорад.

Чӣ хеле, ки  аз сомонаҳои интернетӣ огоҳ ҳастем, шаби 06-уми ноябри соли ҷорӣ як гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бо истифода аз торикии шаб ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд,  ки мақсад аз  ин ҳуҷуми мусаллаҳонаи гуруҳҳои терористӣ ноором сохтани фазои Тоҷикистони азизамон мебошад.

Онҳо мехостанд дар натиҷаи амалётҳои нопоки худ хуни ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳро резонанду ҳазорон кудаконро бесарпаноҳ бикунанд.

Аз ин лиҳоз мо чун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои тинҷу осудаи кишвари азизамон зиндагони дорем, аз як гиребон сар бароварда ҳама як ҷону тан баҳри ҳимояи марзу буми Ватани азизамонро пос дорем, чун ки фазои кишварамон заҳролуд нагардад.

Ҳамчун фарзанди бо нангу номуси Ватан ҷавононро дар рӯҳияи ватандустӣ худшиносӣ ва худогоҳи миллӣ тарбия намуда ватани азизамонро ободу зебо гардонем.

          Мо кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар Кӯшониён амали нангину ҳайвонии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро, ки намехоҳанд Тоҷикистони мо ободу рушд ва зиндагии мардум орому осуда бошад, сахт маҳкум карда, ба ҳуҷуми мусаллаҳонаи  ин ҳайвонсиратҳо нафрат дорем.

 Ба наздикону хешовандони ҳалокшудагони ин ҳодиса, ки яке афсари Қушнҳои сарҳадӣ ва дигаре корманди Вазорати корҳои дохила мебошанд, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем. Ин нафарон қаҳрамононе ҳастанд, дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ҳалок дареғ надоштанд. Номи ин шахсиятҳо ҳамеша дар дилу дидаи мо ҷовидон аст!  

Абдуллоев Мирвоҳид, мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирӣ дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg