БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЙМУНБОЗИИ МАЙМУНҲОИ НАҲЗАТӢ ДАР АВРУППО!

ВОКУНИШ. Ахиран сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алорағми бадгўии ҳама бадхоҳони миллат ба кишварҳои аврупоӣ оғоз ёфт. Агар дар гузашта гурўҳҳои асолатбохтаи зери чатри паймони ғайримиллӣ пинҳоншуда ҳадс мезаданд, ки мавқуф шудани сафарҳои давлатии Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба Аврупо ба шинохти чеҳраи сиёсии опозитсияи тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ тавъам аст, баъди оғози сафари кории Пешвои миллат тарбуз аз бағали ин хоинон афтид. Шабу рўз гурўҳҳои бадхоҳу ғайримиллӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии таъсисдодаашон аз ташкили «ҳамоиши осоишта» дар рўзҳои баргузории сафари кории Пешвои миллат ба кишварҳои аврупоӣ ҳадс мезананд.

Умуман оғози сафари кории Пешвои миллат ба кишварҳои аврупоӣ бозгўи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии сиёсии мамлакатро ин кишварҳо дуруст дарк кардаанд ва мухолифони давлату ҳукумати феълиро ҳамчун лухтак  истифода мебаранд  ва дар ҳолати лозимӣ ҳамчун пайтобаи бўйноку чиркин ба ахлоттўда мепартоянд.

Аслан ба ном паймони миллӣ ягон идеяи созанда ва бунёдкор надорад ва мақсаду ҳадафаш маълум, ки ба ҷузъ сафедро сиёҳ гуфтану сиёҳро сафед сохтан чизи дигаре беш нест. Вобаста ба вазъият ҳар бор аз худ қаҳрамон метарошанду чун дидан кор ба таъби дилашон сурат нагирифт ҳамчун мори печон барои аз вазъият худро баровардан роҳи тавтеаву фиреб ва ғаразу туҳматро пеш мегиранд.

Агар аз нуқтаи назари ақли солим баҳогузорӣ кунем, ҳукуматҳои давлатҳои аврупоӣ куҷову ақидасозию ҷанги фикрии «аҳли пикет» куҷо! Умдатан ҳама давлатҳо ба худ мухолиф доштанду доранд ва ақидаи сиёсии гурўҳаке дар дохилу хориҷ хеҷ гоҳ маънои онро надорад, ки сиёсати як давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мақому мартаба надошта бошад!

Даъват ва боздиди кории Пешвои миллат ба Аврупо бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоду афзалиятнок  барои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо  мақому манзалат дорад ва алорағми ҳама будгўию бадкории мухолифин кишвари мо дар ҳама самтҳо пеш меравад.

Новобаста аз ҳарзагўии мухолифин кишвари мо аз сафари Пешвои миллат ба кишварҳои аврупоӣ умедвориҳои зиёд дорад ва мо аминем, ки ҳамкориҳои фарҳангию сиёсӣ дар сатҳи аз ин дида фаррохтару пешрафтатар ҷараёни тоза гирифта, Тоҷикистон ҳамчун давлати дар ҳоли рушду сулҳпарвар бо роҳбари хирадмандаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хостаҳои шаҳрвандонашро дар сатҳи лозимӣ амалӣ месозад.

Малоҳат Қурбонова,

мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg