БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМЛАИ НОҶАВОНМАРДОНАИ ДУШМАНОН ВА САНҶИШИ ҚУДРАТИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВОКУНИШ. Имрӯз Тоҷикистон фазои идона дорад. Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Мардуми озоду хушбахт ва комилҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол як ҳафта боз шодиву сурур доранд. Ҳамзамон, дар хонадони 20000 оилаи дигар, ки падару модарон, фарзандон ва хешу пайвандонашон ба истиқболи ин рӯзи сайид аз ҷониби Пешвои раиятпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авф гашта, аз маҳбасҳо озод шудаанд ба тамоми маъно туй аст. Тамоми мардуми кишвар шукронаи озодиву ободӣ ва тинҷиву оромии Ватан мекунанд.

Аммо...

Душманони миллати тоҷикро хобу қарору оромӣ нест... Ин нотавонбинон бо рашки сиёҳи худ ҳеҷ натавонистанд воқеиятро қабул кунанд. Ба хости онҳо, ки қисме худро ДОИШ-ӣ мегӯяду қисме худро наҳзатӣ бояд дар Тоҷикистон мисли солҳои навадум ҳамеша беқонуниву бетартибӣ ва ҷангу низоъ ҳукмфармо бошад. Зеро волоияти қонун барои ин тоифаи хиёнатпешаи террорист баробар ба марг аст ва то ҷон доранд бар зидди волоияти қонун меҷанганд... Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳодисаи шаби 6-уми ноябр (яъне рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон) мебошад, ки гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, ин гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ ҳанӯз санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус (ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд), бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд.

Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуд ва 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Мутаассифона, дар ин муноқиша 1 нафар сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Хондани ин хабар ба ёди шахси огоҳ албатта ҳодисаи ба заставаи 12-ум ҳуҷум кардани наҳзатиҳои террористро меорад. Вагарна аз он вақт то имрӯз ҳеҷ гоҳ гурӯҳҳои террористии дохили Афғонистон, ки ДОИШ-иҳо ҳам солҳост он ҷо ҳастанд, мустақиман ба дидбонгоҳҳои сарҳадии ҳудуди Тоҷикистон ҳуҷум накарда буданд. Зеро дар Афғонистон ба қавле “корашон” кам нест ва қувваи изофа ҳам надоранд, ки “кор”-и худашонро як сӯ монда онро бар зидди нерӯҳои бонизому пурқуввати Тоҷикистон сафарбар кунанд. Аз сӯи дигар метавон ҳадс зад, ки эшон бо супориш, ё хоҳиши махсус ба ин амали нангин даст задаанд. Тамоми ҷаҳон расман “надонанд” ҳам, вале аслан хуб медонанд, ки дар пушти кадом гурӯҳи террористӣ кадоме аз давлатҳои абарқудрат истодааст. Пас ин ҷо метавон ҳадс зад, ки ин ҳодиса берун аз Афғонистон тарҳрезӣ шуда, бешубҳа рамзу рози худро дорад. Масалан, агар ба гузаштаи на чандон дур назар афканем, дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба таври ваҳшиёна кушта шудани тоҷики ҷасур Аҳмадшоҳи Масъуд ва баъди он ба Афғонистон ворид шудани нерӯҳои ҳарбии хориҷа ва ба тадриҷ аз сари ҳокимияти ин кишвар дур шудани тоҷикон ҳам рамзӣ худро дошт. Соли 2015 низ дар арафаи рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, яъне 4-уми сентябр гурӯҳҳои террористии наҳзатӣ таҳти роҳбарии Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷи Ҳалим) кӯшиши анҷом додани табаддулоти давлатӣ ва сӯиқасд ба ҷони Пешвои миллатро карданд, ки дар фарқ аз ҳодисаи бо Аҳмадшоҳи Масъуд рӯйдода, ин бор хушбахтона тирашон хок хурд. Шояд касе суол диҳад, ки террори Масъудро террористони “Ал-қоида” анҷом доданд, террористони наҳзатӣ ба онҳо чи рабт доранд?! Бале “Ал-қоида”, “Наҳзат”, “ДОИШ”, “Ихвон”... дар зоҳир гурӯҳҳои алоҳидаанд, вале як чизро набояд аз хотир дур кард, ки онҳо, ба қавле, “соҳиб”-они муштарак доранд. Яъне ҳамаи ин лухтакҳо дар дастони як лухтакбоз “мерақсанд”. Монандии ҳаводиси моҳи сенябри соли 2015 ва 6-уми ноябри имсол бошад дар он аст, ки дар ҳарду ҳолат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд ва дар ҳарду ҳолат ҳам расонаҳои наздик ба гурӯҳи террористии наҳзат 1-2 ҳафта пеш масъалаи сафари хориҷии Президентро ба таври махсус расонаӣ мекарданд, ки чаро пинҳонӣ ба Хитой мераваду чаро пинҳонӣ ба Аврупо меравад. Ҳол он, ки ҳама медонанд сафарҳои расмиву давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва ба ин монанд сафарҳои тамоми президентҳои дигари ҷаҳон пинҳонӣ нест ва амалан пинҳонӣ буда ҳам наметавонанд. Шояд “пинҳонӣ” гуфтан ин рамз (парол)-и байни наҳзатиён ва гурӯҳҳои дигари террористӣ бошад, ки дар ин муддат яъне то сафар ва дар ҳолати дар сафари хориҷӣ будани Роҳбари давлат дар кишвар пинҳонӣ тарҳи нором кардани вазъ ва анҷоми ягон амали террористиро бикашанд ва ин нақшаҳои шумро амалӣ кунанд...

Боз бармегардем ба ҳодисаи ҳуҷум ба “Заставаи 12-уми отряди сарҳадии Москва”. Ҳодиса 13 июли соли 1993 дар ҳоле, ки лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол тарҳрезӣ шуда истода буд, дар деҳаи Сари ғори ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) рух дод. Ин ҳодиса барои сарҳадбонони рус бо чанд сабаби маълум ғайриинтизор буд... Аммо барои Тоҷикистон як таҷрибае шуд, ки бояд ҳарчӣ зудтар низоми конститутсиониро дар кишвар барқарор ва масъулияти ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзиро ба ӯҳдаи худ гирад. Дар маҷмуъ ҳам ҳодисаи соли 1993 ва ҳам ҳодисаи имрӯз дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯйдода ба муқобили Конститутсия ва сохти конститутсионии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Ҳарчанд соли 1993 террористон то ҷойе ба ҳадафҳои шуми худ даст ёфта, боис гаштанд қабули Конститутсия ба як соли дигар дер гузошта шавад ва Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг чуқуртар фуру равад, аммо ин бор тирашон хок хӯрд ва торумор гаштанд. Аз хотир бароварданд, ки дигар ин марзи муқаддасро фарзандони ҳамин Ватан муҳофизат карда истодаанд ва ҳеҷ гоҳ наметавон онҳоро ғофилгир карду ба марзи номусашон пой гузошт ва низоми конститутсионии кишварро вайрон кард.

Бо назардошти ин, Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳри Кӯлоб ҳодисаи ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод»-ро қотеъона маҳкум намуда, ба аҳли оила ва наздикони сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва корманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ҳимояи марзу буми кишвар қаҳрамонона ҳалок шуданд, изҳори ҳамдардӣ менамоянд.

Бо далерона баргардонидани ҳуҷуми душманон ва маҳв кардани 15 нафару зинда дастгир кардани 5 нафари дигари террористон, ки мехостанд дар рӯзи Конститутсия оромиву амнияти сокинони Тоҷикистонро халалдор созанд, дар асл санҷиши қудрати Конститутсияи Тоҷикистон буд, ки бо нерӯи фарзандони далеру шуҷоъи ин Ватан аз ин санҷиш сарбаландона гузаштем. Дар зимн моро мебояд бештар аз пештар ҳушёру зирак бошем ва ба ҳама гуна иғвову дасисаҳои душманон ва хоинони давлату миллат чунин посухҳои дандоншикан диҳем.

25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Орзу Ҳамидиён – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg