БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНИ БЕРУНА ДОРАД, АЗ БУРУН ДЕВОНАГӢ....

ВОКУНИШ.Воқеан ҳам таърих гувоҳ аст, ки ниёгони мо тули асрҳо фақат дар роҳи омӯзиши илму алайҳи нафси амфора ҷаҳду талош намудаву дини муқаддаси мубини Исломро азамату ҷалол бахшидаву онро ҳамчун  дини сулҳу убот, инсонсозу таҳаммулгаро ба оламиён ошно намудаанд.

Мутаассифона баъзе  курдилон, ба  мисли  Муҳиддин  Кабирӣ  ва пайравони у, то ҷое бефаҳму тиҳимағз будаанд, ки истифода аз дастгириҳои моддию молиявии  хоҷаҳои хориҷиашон, аз минбарҳои баланди САҲА, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани хешро нодида гирифта, нисбати миллату давлати Тоҷикистон даъвоҳои беасосу бепоя ва бӯҳтону ҳангомаҳо, танкидҳои  беадолатонаву  таҳқиромезона  мезананд.

Бе ягон муболиға ва шаф-шафгўиҳои зиёдатӣ, гуфта метавонем, ки дар ҳодисаи навбатие, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019, гурўҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафараи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и кисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карда, зимни ҳамла онҳо ду нафар, яке сарбози қушунҳои сарҳадӣ ва як нафар корманди Вазорати корҳои дохилиро,ки дар вақти адои хизмат буданд, ба шаҳодат расониданд, дасти пайравони Муҳиддини Кабириву пайравони Паймони ба ном Миллатанд.

Шахсан  Муҳиддин  Кабирӣ, фаъолияти  яксолаи  Паймони ба ном миллиашонро  тарифу тавсиф карда фаромуш кардааст, ки маҳз бо шарофати ҳизби наҳзати мамнуъашон ба сари миллати тоҷик, фоҷиаҳои нангини бародаркуширо оварда буданд, ки имрӯз бо номи Паймони миллӣ садо баланд кардаву даҳҳо ҷавонони гумроҳро, ки солҳои 1992-1993 ҳанӯз ба дунё омада буданду аз талхии он ҷанги бемаънии бародаркуш огоҳ нестанд, бар зидди миллату Меҳани хеш мешуронанд, ки ин гуноҳи нобахшиданист.

Душмани беруна дорад, аз бурун девонагӣ,

Эҳтиёт эй дўстон аз душманони хонагӣ.

Ҷавонон бояд бидонанд, ки бори аввал нест, ки Муҳиддини Кабирӣ, хамчун роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ, имрўза «Паймони миллӣ» шахсан ташкилкунанда  ва маблағгузори табаддулоти давлатӣ бошад, бори аввал моҳи сентябри соли 2015 буд, ки бо ҷалби собик муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Назарзода нақша кашида буданд, ки тирашон хок хўрд.

Аз фаъолият ва ҳадафҳои пасипардагии яксолаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш, дар ҳайати Паймони бо ном миллиашон, бараъло маълум аст, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагию соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон, мехоҳанд тавассути содир намудани амалҳои  экстремистию  терористӣ  халалдор созанд ва мақсади асосии ин гурўҳи хоинони миллату давлати Тоҷикистон, сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва ба пуррагӣ халалдор намудани амнияти миллию  давлатӣ  мебошад.

Шукри  соҳибистиқлоли  ва  таърихи  кишвар, ки сабақомўз аст, мо мардуми оддӣ, роҳбарияти  давлату Ҳукумат, ходимони дин, ҳаводисҳои  шуму  таънаборро  ҷиддӣ  омўхтаву  дар оянда  вуҷуд            доштани  ин  гуна  ҳизби  экстремистиву  терористӣ  ва  ифротгароро дар  ҳудуди  Ватани  азизи хеш, Тоҷикистони маҳбуб роҳ  намедиҳем.

Ҳама сар ба сар тан ба каштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Набояд, ҳаммиллатони мо, ҳамчун шаҳрванди ватандўст, бофарҳангу бовиҷдон ҳаёти худро ба ақидаҳои пучу бебунёди Муҳиддин  Кабирии  хоину  мазҳабфурўшу пайравонашон пайваста,  ба  диёри худ, Ватану Модари азизу ҷоноҷони худ хиёнат кунад.

Муҳаммаддовуд  Ҳалимов-раиси  кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg