БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Боғбунёд” маҷлиси ҳизбӣ доир карда шуда, дар он ҳисоботи 2,5 солаи раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раиси ташкилот ва пешбарии вакил ба Конференсияи ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар муҳокима карда шуданд.
Зимни баромади худ раиси ташкилоти ибтидоӣ таъкид дошт, ки аъзои ташкилоти ибтидоӣ барои парвариши гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабз диққати махсус медиҳанд. Ҳамзамон аъзои ҳизб барои гулпӯш намудани маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар тамоми неруву ғайрати худро равона намуда, то имрӯз навъҳои мухталифи гулҳоро парвариш карда, дар боғу гулгаштҳо ва хиёбону кӯчаҳои шаҳр шинонидаанд.
Дар охир намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат зикр карданд, ки яке аз вазифаҳои асосии аъзои ташкилот аз он иборат аст, ки шаҳри Бохтарро бо гулҳои парваридаашон ободу зебо ва назаррабо намуда, дар ҳамин замина дар замири сокинон, махсусан ҷавонону наврасон ҳисси зебопарастӣ ва тозагиро талқин намоянд.
Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.