БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ ТАЪСИРГУЗОРИ РУШДИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

ҶайҲун. Дар  доираи Соли баланд бардоштани масъулияти  шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳомиён»-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир вохӯрии таблиғотӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки корманди масъули   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин  оиди атрофи яке аз  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мафҳуми  коррупсия дар ҷомеа дар шаклҳои гуногун ифода мешавад, ки дар маҷмуъ маънои коррупсияро дар бар мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар миқёси ҷаҳон мафҳуми коррупсия дар шаклҳои гуногун баррасӣ шудааст. Масалан, дар ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия ба маънои хамчун «сӯиистифодаи ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани даромад бо манфиатҳои шахсӣ» маънидод мешавад. Дар ҳуҷҷатҳои Шӯрои Аврупо ин мафҳум каме васеътар, яъне ба унвони «ришвахӯрӣ ва дигар ҳаракатҳои шахсони мансабдор бо мақсади иҷрои вазифаҳои муайян дар сохтори давлатӣ ва хусусӣ, ки ин вазифаҳо берун аз уҳдадориҳои хизматии онҳо буда, мақсад аз иҷрои он гирифтани ҳама гуна даромад бо манфиатҳои шахсии онҳо ва дигар ашхос мебошад» маънидод шудааст.

Дар идомаи масъала интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи ноҳиявӣ баррасӣ карда шуда,  Одинаев Хуршед бо овоздиҳии якдилонаи аъзои ташкилот раиси ташкилоти ибтидоӣ ва вакил ба Конференсияи 28-уми ноҳиявӣ интихоб гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg