БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ-МАСЪУЛИЯТИ ҶИДДИРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

Н.ХУСРАВ.   Дар  доираи Соли баланд бардоштани масъулияти  шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  “Тулаганов”-и Ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав  маҷлиси  ҳисоботӣ - интихоботии  ташкилоти ибтидоӣ  доир   ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ    баргузор  гардид.

Дар  маҷлис  се  масъала  мавриди  муҳокима  қарор дода  шуда, ҳисоботи  раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  дар  давраи  ҳисоботӣ шунида  шуд.

Аз рӯи  масъалаи   рӯзнома    раиси  ташкилоти  ибтидоӣ интихоб  гардида, доир  ба  масъалаи  дуюми  рӯзонма  2 нафар  ба  Конференсияи  навбатии ноҳиявии  ҳизб  ба вакилӣ  интихоб  гардиданд.

Дар  маҷлиси  мазкур  роҳбарияти Кумитаи иҷроия  оид  ба  рафти  корҳои  омодагӣ  ба  маъракаи  муҳими  сиёсӣ  -интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, маҷлисҳои  маҳалли  вакилони  халқ, баргузор  намудани  конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ  ҳарф зада, иштирокдоронро  барои масъулиятнокӣ зоҳир намудан дар маъракаҳои муҳими дарпешистода даъват  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg