ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии “Маҳаллаи №3”, “Маҳаллаи №4” ва “Маҳаллаи №10”- и Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Темурмалик бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар тӯли 2,5 соли охир шунида шуда, дар идома раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб ва ба номзадии вакилӣ шахсони арзанда, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми муносиб доранд, ба Конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар суҳбат дар бораи дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сухан гуфта шуда, иштирокчиён даъват гардиданд, ки ҳамеша содиқона ба халқу Ватан хизмат намоянд.