БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҲАМДАСТӢ РОҲҲОИ МАҲАЛРО ОБОД МЕКУНЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон”-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин иштирок намуда, атрофи ташкили корҳои ободониву бунёдкорӣ дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ростои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби шахсони саховатпеша бартараф кардани мушкилиҳои мардум дар сохтмони марказҳои саломатӣ, мактабҳои наву замонавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, дар маҳалаҳои қаламравӣ деҳот, дастгирӣ намудани табақаи ниёзманди аҳолӣ, огаҳӣ аз хавфу хатари терроризм ва роҳҳои кардани он маслиҳати судманд доданд.

Дар охир дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон” бо сарварии фаъолони деҳа дар сангфарш кардани кӯчаҳои маҳал саҳмгузор шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg