КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Имрӯзҳо барои сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ватандӯстӣ ноҳияи Кӯшониён бо ҳисси баланди масъулияти ватансозӣ ба корҳои созандагиву ободонӣ машғул буда, дар ободии на танҳо деҳаву маҳал,балки ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд.
Ба ин хотир бо дастгирии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар даромадгоҳи марказӣ симчӯби барқӣ бо фурӯзонаки замонавӣ насб карда шуд.
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад масъулини дар назди ҷамъомадагон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаҳои хешро баён дошта, ҳар яки онҳоро ба ватадӯстиву худогоҳии миллӣ раҳнамоӣ карданд.