КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ёрирасон” бахшида ба солгарди Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.
Дар ҷамъомад масъулини ҳизбӣ дар бораи қабули Конститутсияи Тоҷикистони озодро, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини давраи Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ба шарофати татбиқи пайгиронаи он ҷомеаи мо дар оғози марҳилаи сифатан тозаи таърихӣ устуворона қадам мегузорад, суханронӣ карданд.
Сипас, дар идома қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун роҳнамоӣ давлати сохибистиқлол дар рушду ободӣ ва оромии кишвар нақши муассир дорад.