БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ ИМКОНИЯТ ДОД, КИ ДАР МАМЛАКАТ СУЛҲУ СУБОТ БАРҚАРОР ГАРДАД

КӮЛОБ. Дар  доираи Соли баланд бардоштани масъулияти  шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Саодат” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот қайд гардид, ки Конститутсия дар худ орзуву ормони чандинасраи халқи моро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, бунёди давлативу ҳуқуқбунёд, суботи сиёсӣ, таҳкими ғояҳои инсодӯстона дар тафаккури ҷомеа ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои  байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

Аз ин рӯ таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба ҳисоб рафта, имконият дод, ки дар ммлакат сулҳу субот пойдор гардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg