КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷавонон - аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқот доир карда шуд.
Зимни мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия изҳор дошт, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ неъматест гарон барои мардуми тоҷик, ки бо ҷаҳду талошҳои софдилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, ормонҳои деринаи мардуми кишварро амалӣ намуд. Ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, хусусан нисбат ба мо ҷавонон боиси ифтихор аст. Дар ҳар ҷое, ки набошем ин ғамхориҳоро бояд дарк намуда, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоем. Шароити хуби зиндагие, ки мо дорем, байни бештари мамлакатҳои ҷаҳон бо фазои оромии худ фарқкунанда аст ва ин фазои оромро мо ҷавонон нагузорем, ки касе халалдор созад ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.
Баъдан гуфта шуд, ки имрӯзҳо шахсони хоину дурӯя, ки бо бадхоҳияшон нисбати давлату миллат машҳуранд, анҷуману паймонҳои дурӯғину фитнаангез таъсис дода, пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари миллати тоҷик борони туҳматҳоро мерезанд. Баҳсу мунозираҳо карда, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд. Ин шахсон, мардумро ба сӯи терроризм ва экстремизм ҷалб кардан мехоҳанд. Албатта, амалҳои моҷароҷӯёнаашон сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел, ки бархе аз ноогоҳону аз асли хеш дурмандагон бадхоҳи миллати хеш шудааст, водор месозад, ки ҳушёру зирак бошем.