БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ ДЕҲОТ ЗАМИНАЕ БАРОИ ОБОДИИ КИШВАР АСТ!

ДАНҒАРА. Дар  доираи Соли баланд бардоштани масъулияти  шаҳрвандӣ. Бо мақсади баргузории суҳбату вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Хуррамзамин”-и ҷамоати деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти  Кумитаи иҷроия баромад намуда, доир ба мавзӯҳои фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл ақидаронӣ намуда, иброз дошт, ки ягона роҳи дарёфти кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ нест. Ҷойи кор ҳамин заминҳои наздиҳавлигиамон буда, манбаи даромад ин фикр намудани роҳҳои баланд бардоштани самаранокии ҳосилро дарёфтан аст.

Ҳамзамон,  оид ба баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ масъалагузорӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg