ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деӽаи Ибрати ҷамоати деӽоти Тугарак бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноӽиявӣ вохӯрии ӽизбӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъулин атрофи ба вуҷуд овардани мафкураи зидди коррупсионӣ дар миёни аӽолӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки коррупсия яке аз омилӽои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ӽисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таӽдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ӽам ҷанбаи манфии маънавӣ, ӽам ӽуқуқию сиёсӣ ва ӽам амниятӣ дорад.
Аз ин рӯ, мубориза алайӽи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки ҷомеа ва ниӽодӽои ҷомеаи шаӽрвандӣ дониста мешавад.