ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии «Қизилсой-3»-и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур роҳарияти Кумитаи иҷроия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва масъалаҳои мубрами рўз, аз қабили терроризм, экстремизм, худсӯзӣ, худкушӣ, содиршавии ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир суханронӣ кард.
Инчунин, мавсуф дар мавзӯи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки мо бояд он қолабҳои куҳнаи фикриро дар бораи гурезонидани фарзандон аз хизмати ҳарбӣ шиканем ва онро ҳамчун мояи нангу номус баррасӣ карда, бо назардошти бартарафсозии омилҳои он падару модаронро ҷиҳати ташвиқи фарзандон барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ дилгарм созем.
Дар ин самт идеали мо хизматҳои содиқонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад.