ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бошқалъа”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар маҷлис рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ин робита баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ масъулияти баландро аз аъзои ҳизб тақозо мекунад. Моро зарур аст барои шаффофу демократӣ ҷамъбаст гардидани ин маърака масъулиятнокӣ зоҳир намоем.
Аъзои раиси ташкилоти ибтидоӣ ва вакили Конференсияи ноҳиявии ҳизбиро интихоб ва пешбарӣ карданд.