Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Паймон»-и Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, бо овоздиҳии дастаҷамъона раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда вакил ба Конференсияи ХII- уми ноҳиявӣ интихоб гардид.
Сипас, масъулин оид ба самтхои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ, вазифахои аввалиндараҷаи ташкилотхои ибтидоӣ, инчунин оид ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтни ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуданд.