АНДЕША. Ҷавонон ҳамчун неруи бузургу қавии ҷомеа, бо донишу маҳорат, касбу ҳунари муносиб, маҳорати баланди ташкилотчигӣ ва бо садоқату муҳабати самимии хеш ба меҳан метавонанд созандагони боэътимоди ҷомеаи мутамаддини кишвар бошанд.
Маҳз бо ин хотир Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша ба ҷавонони соҳибфарҳангу ватанпараст тавачҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, соли 2017-ро «Соли Ҷавонон» эълон намудаанд.
Вале мутаасифона баъзан ба ҳамаи ин дастгириҳову ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат бархе аз ҷавонон носипосӣ намуда, фирефтаи таблиғоту маблағҳои ҳаром гардида, ҳатто ба ҷони ҷавони худ раҳм накарда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терористӣ шомил мешаванд, ки ин рафтори онҳо боиси нигаронист. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии гаравидани бархе аз ҷавонони роҳгумзада ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, бе саводӣ, бе назоратии волидайн ва шахсони ивазкунандаи онҳо мебошад. Сабаби дигари гароиши бархе аз ҷавонон, ноогоҳ будан аз таълимоти динии мазҳабии худ мебошад. Дар мавридҳои алоҳида таълимоти дуруғину хурофотӣ ва таассуб ба тафаккури ҷавонон то ҳаде таъсир гузоштааст, ки ҳатто таълимоти аслии динӣ ва мазҳабии хешро инкор карда фирефтаи таблиғоти равияҳои ифротии динии мазҳаби бегона мегарданд. Ҳоло он ки дар кишвар барои таълимоти мазҳаби суннатии мардумамон тамоми адабиёти лозима мавҷуд мебошад. Ҷавонони ноогоҳ ва дар муҳити таасубкориву хурофотпарастӣ тарбиядида, ҳатто андухтани илмҳои муосир ва техналогияи пешрафтаро гуноҳ меҳисобанд. Терроризму ифротгароӣ имрўз мардуми тамоми сайёраро ба ташвиш овардааст ва ҳар як давлат мекӯшад, ки барои пешгирӣ аз пайомадҳои ин зуҳуроти нангини аср тадбирҳои мушаххас андешад.
Ифротгароӣ ва терроризм, дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст. Мубориза бар зидди эктремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба чунин мақсадҳои зишт ҳаргиз роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди Қонун ҷавоб гўянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Руссия, яъне дар муҳоҷирати корӣ ба найранги чунин нафарон печида, шомили гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ мегарданд ё ин ки тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд.
Дар ин радиф волидону омӯзгорони муассисаҳои таълимиро лозим аст, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъмин намуда, дар роҳи ба камол расонидани шахсони соҳибмаърифат дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд. Бояд ҳар кадоми мо даст ба дасти ҳам диҳем ва ҷавонони азизамонро дар шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.
Илҳом Даминов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш