ВОКУНИШ.Дар Тоҷикистон Қонуни авф қабул гардид, ки дар асоси он беш аз 20 ҳазор нафар, ки ҷиноят содир кардаанд, бахшида мешаванд.
Албатта ҳар як сандаи меъёри-ҳуқуқие, ки аз тарафи давлат қабул карда мешавад, ба манфиати худи халқ аст ва мақсаду вазифаҳои муайян дорад.
Пойдевори ҳар як давлат адл аст. Бахшидану гузашт намудан аз беҳтарин воситаҳои тарбияи инсонӣ, омили муҳими фаҳм ва дарки мардуми раҳгумзада аст. Барқарор намудани саломатии баъзе аз авфшавандаҳо, ба омӯзишу таълим ва ба ҷойи кор ҷалб шудани онҳо аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад.
Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нияти нек доранд, ҳамеша дар фикри мардуманд, ободии кишварро фикр мекунанд, Тоҷикистонро дар дунё машҳур сохтанд.
Аммо новобаста аз ҳамаи ин бадхоҳону душманони миллат, бо “паймони миллӣ” ном ташкилоти худ мехоҳанд мардумро ба фитна кашанд. Созмондодагони ин паймон на ба худ, на ба дигарон гузашт мекунанд. Агар мо давраи ҷанги шаҳрвандиро ба ёд орем дар он давра 150 000 ҳазор нафар шаҳравнди Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта шуд. Албата дар онҳо на эҳсоси инсонӣ, на инсоф аст.
Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин хислатҳои некию накӯкорӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва ғайраро тарғиб намуда, ахлоқи бади одамиро маҳкум мекунанд, ки дар рӯзгори мо барои тарбияи ҷавонон аз аҳмият дур нест.
Далер Раҳмонов - мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва
матбуоти КИ ҲХДТ дар н. Фархор