БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ!

АНДЕША,Конститутсия волотарин дастовард, асоси суботу рушди ҷамъият ва асоси ифодаи ормонҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир буда, самти равиши дурусту ояндадори низоми ҳуқуқии кишварро бо арзишҳои эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад.

Қабули Конститутсия, ки мо дар арафаи 25–солагии он қарор дорем, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва таърихӣ ҳамчун сарчашма ва бақои миллат арзёбӣ карда, чунин зикр намуданд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносони сатҳӣ байналмилалӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст.

Бо назардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия моддаи махсус ба масъалаи оила бахшида шудааст.

Оре, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад. Он заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дода, ҳамаи дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятиро дар худ таҷассум намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати арзиши олӣ эътироф кард.

Бо назардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия моддаи махсус ба масъалаи оила бахшида шудааст.

Дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд, озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Яъне, Конститутсия омили муҳимтарини кафолати устувории оила буда, дар асоси он ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқҳои конститутсионии худро риоя карда, аз он баҳравар мегардад.

Дар Конститутсия фарогир гардидани ҳадафҳои олии давлату давлатдорӣ ифодагари он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ воқеан санади муҳим ва калидии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон буда, муаррифкунандаи давлату миллат дар ҷаҳони мутамаддин ва таъминкунандаи амалишавии орзуву ниятҳои созандаву бунёдкоронаи ҷомеаи мо мебошад.

Ҷоизи ба қайд аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25–умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ба имзо расид, ки зиёда 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир намуданд, дар бар мегирад.

 

Гулракат Холиқзода, мудири бахши САҲШ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg