БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД…

ВОКУНИШ. Дар ҳақиқатан ҳам бадхоҳони давлати Тоҷикистон ба мақсади нопоки худ нарасиданд.

Имрӯз бо ҳар рову восита нисбати Тоҷикистон, ки  бо як суръати ба худ хос тамоми соҳаҳои давлату давлатдорӣ рушду нумӯ дорад санги маломат мезананд.

  Онҳо дар назди халқу миллати худ, ки будани худро маълум кардаанд. Имрӯз аз минбарҳои баланди САҲА ва дигар минбарҳоии давлатҳои хориҷ истода нисбати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои ғаразнок пешниҳод намуда худро барои ин ватану миллат ғамхор меҳисобанд.

Мутаасифона ин хоинони давлату миллат ғофил аз онанд, ки ба ин суханҳои онҳо ҳеҷ кас бовар надорад.  Дар вақти дар дохили ватан будан барои ин сарзамин чи корҳои нек ба анҷом расонидаанд, ки имрӯз худро нисбати ин хоку ватан вафодор меҳисобанд.

Ба халқу давлати Тоҷикистон баъди пошхӯрии давлати абарқудрати Шӯравӣ соҳибистиқлолӣ насиб гашт. Ҳамон замон ана ҳамин хоинони миллат истиқлолияти Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш кашиданд, ба воситаи хоҷагони хориҷиашон.

Дар ҳақиқат ҳар як давру замон бо амри тақдиру сарнавишт халқу миллат шахсиятҳои таърихие ба арсаи давлату давлатдорӣ меоянд, ки ному кори некашон дар саҳифаҳои таърихи халқу миллат бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд.

Миллати тоҷик дар тули давлатдориаш бисёр нокомиҳоро паси сар кард, ки инро таҳрихи тайнамудаи миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

Яке аз ин шахсиятҳое, ки дар пойдории давлати навини тоҷикон ва сарҷамъ намудани миллати парокандашудаи тоҷикон нақши калидӣ дошт, ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Хоинони миллат то ҳамон андоза куру гумроҳанд, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф кардаю кору фаъолият, қонунҳои миллии қабулнамудаашро дар давлатҳои пешрафтатарини ҷомеа мавриди истифода қарор дода истодаанд, ин хоинон бошанд инро нодида мегиранд.

Амали дигари ҷавонмардонаю раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қабул гардидани  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мебошад, ки   «Авфи тиллоӣ» ном гирифтаст.  

Хоинони миллат то ҳаде беномусанд, ки  нисбати озодашивии маҳбусон, низ   ба    ба ҷои хушхол шудан хоинона баҳо дода истоданд. Дар ҳамин амали хоинони миллат   гуфтае аз бузургон  ба ёд меояд.

 

         Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

         Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

 

Дар ҳақиқат барои давлату миллати тоҷик Худованд ин Пешворо додааст. Ҳар як фарди кишвар ин шахсияро дуст медорад.

   Хоинон  фароромӯш накунед, ки бузурге  гуфтааст: Ба Худододагон ситеза макун, ки онҳоро Худо додааст.

 

Шарофзода Ҳомидҷон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg