БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҶАВОНМАРДИСТ!

АНДЕША. Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар  ноҳия сар мешавад,  баъзе    ҷавонписарони синни даъватиро  дигар намебинем.   Онҳо   кӯшиш менамоянд, ки то анҷоми даъват ба хориҷи кишвар, алалхусус Федератсияи Руссия ва Ӯзбекистон  раванд, ё ин ки дар хонаҳои хешу табори дури худ пинҳон шаванд. Ҳамаи ин ба хотири аз хизмат раҳо ёфтан. Магар падару модар, худи ҷавонписарон ҳеҷ фикр намекунанд, ки то ба кай пинҳон мешаванд, то ба кай фирор мекунанд.

Агар онҳо пинҳон шуданд, фирор карданд, ба хизмат нарафтанд, чӣ бо ин амали онҳо  марзу буми Ватан бемуҳофиз монд?

Не, ҳаргиз не!

Ӯ нарафт, лекин садҳо фарзандони дигар шахсон рафтанд, онҳо аз сахтии хизмат, дурӣ аз хешону пайвандони худ натарсиданд, аз каму костиҳои хизмати аскарӣ наҳаросиданд.

Дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ аз чандин касон шунидам, ки гуфтан  фарзанди фалони бо хоҳиши худ ба хизмат рафтааст. Рӯзи 1 октябр бо тантана онҳоро барои адои хизмат ба қисмҳои низомӣ гусел карданд, бо суханҳои нек ба падару модари онҳо изҳори сипос баён карда шуд.

Дар давраи шӯравӣ писарбача ба хизмат намерафт, ӯро ҷирмдор ҳисоб мекарданд ва кам оилае пайдо мешуд, ки ба чунин шахс духтар диҳад ба арӯсӣ. Ба фикри ман дуруст аст, шахсе ки аз вазнинии ҷисмонӣ ва руҳӣ метарсад, аз хизмати аскарӣ саркашӣ мекунад, чи гуна пагоҳ саробони оила мешавад, чи гуна  сахтиҳои дар рӯзгори ҳаррӯза мавҷудбударо бартараф месозад.

Имрӯзҳо дар қисмҳои ҳарбӣ, ки фарзандони мо дар он хизмат мекунанд шароит барои зисту зиндагӣ, хизмати шоиста омода гаштааст.

Ман худ шоҳид будам. Моҳи августи ҳамин сол бо ҳамроҳии хешовандон ба тӯй даъват шудем ва дар мошини сабукрав бо ҳамроҳии наздиконам ба шаҳри Душанбе равон шудем. Дар қарибиҳои қисми ҳарбии Фахробод мошин аз кор баромад. Соат аз даҳи шаб гузашта буд, торик, чангу хоки роҳҳои таъмиршудаистода ва мо се зан ва як мард дар гирди мошини вайрон монда будем. Марди хайрхоҳе мошини моро то назди қисми низомӣ бо мошинаш  кашида  овард. Сарбозоне, ки  шаб дар навбатдорӣ буданд ба сардорашон хабар карданд ва ба назди мо омада пурсон шуданд, чи ёрие расонидан мункин.  Мо дар нисфи шаб устои мошин ёфта натавонистем, лекин бо аскарбачаҳо шинос шудем, гапзанон кардем, аз ҳолу аҳвол, хизмат, хешу наздиконашон пурсон шудем. Онҳо низ аз суҳбат бо  мо хурсанд буданд. Ба мо   хӯрока оварданд, ки мабодо гурусна ҳастед. Нон, ки хеле гарм буд, ман гуфтам,  ки худатон хӯред,  нони гарм охир ҳар рӯз намехӯред-ку. Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки дар қисми ҳарбии мо нонпазхона ҳаст ва ноне ки шумо мебинед, дар ҳамин ҷо худи аскарбачаҳо мепазанд ва мо ҳар рӯз дар ношто, нисфирӯзӣ ва хӯроки бегоҳӣ нони гарм тановул  мекунем.

Хизмат василаи хуби мустақил шудани ҷавонписар мебошад, дар онҷо писарон баъзе корҳое, ки дар хона ҳеҷ вақт иҷро  намекарданд, иҷро мекунанд; либос мешӯянд, дарзмол мекунанд, гигиенаи шахсиро риоя мекунанд, хӯрокпазиро меомӯзанд, обу  тоби бадан мекунанд  ва ғайра.

Имрӯз ба шарофати истиқлолият, заҳматҳои ҳамарӯзаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикстон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити  зисту зиндагонӣ ва хизмати  ҷавонписарон дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама манотиқи кишварамон беҳ шудааст ва хизмати шоистаи ҳамин фарзандони содиқи Ватан  аст, ки мо тинҷу ором, дар фазои сулҳу субот  кор ва зиндагонӣ дорем.

Садбарг Тӯйчиева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg