БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АВФ БЕҲТАРИН ТАРБИЯ АСТ!

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 4 муассисаи ислоҳии вилояти Хатлон то ба имрӯз 1701  маҳбус пурра озод гардидаст.  

        Давлаталӣ Тағоев, ёрдамчии прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки санаи 1-уми ноябр аз Муассисаи тафтишотии ЯТ 9/6-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ воқеъ дар шаҳри Бохтар 30 нафар маҳбус озод гардид, ки миёни онҳо 1 зан, 2 ноболиғ, 1 марди аз 70 сола боло буданд. Дар ин рӯз аз Муассисаи сукунатии ЯС 3/9 –и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Ғаровтии ноҳияи Дӯстӣ 697 нафар озод карда шуданд, ки  дар миёни онҳо 12  зан мебошад.             

          Ин рӯз барои озодшудагон, аҳли оила ва пайвандони онҳо хеле хотирмон буд. Аз субҳ наздикони озодшавандагон, назди  Муассисаи тафтишотии ЯТ 9/6-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ воқеъ дар шаҳри Бохтар ва Муассисаи сукунатии ЯС 3/9  воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Ғаровтии ноҳияи Дӯстӣ интизор буданд, то ин ки  пайвандонашоро истиқбол гиранд.  Онҳо  аз доштани чунин  Роҳбари оқилу ғамхор  ифтихор мекарданд:

     Бобоҷон Одинаев, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии вилояти Хатлон, пайвандони озодшудагонро табрик гуфта, даъват кард, ки  минбаъд, кӯшиш кунанд,  фарзандон аз чунин хатокориҳо худро эъмин доранд.

                Хурсандии озодшудагон беҳаду канор буд. Онҳо ба Роҳбари давлат барои ин ғамхории падаронаашон изҳори сипос карда, ваъда медоданд, ки минбаъд ба кори хато хеҷгоҳ даст намезананд.

Тавре, ки иттилоъ дорем амали қонуни мазкур пеш аз ҳама нисбат ба онҳое татбиқ карда мешавад, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва ҷиноятҳои дараҷаи миёна содир кардаанд ё аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд. Аз ҷумла мувофиқи талаботи моддаи 4-и қонуни мазкур шахсоне, ки бори аввал барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва ҷиноятҳои дараҷаи миёна маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Ҳамзамон шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир намуда аз 3/2 ҳиссаи ҷазоро адо намудаанд ва шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шуда аз 4/3 ҳиссаи ҷазои таъиншударо адо намудаанд, аз адои ҷазои боқимонда озод карда мешаванд. Ё худ мувофиқи сархати 1-и моддаи 5-и қонуни мазкур маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани маҷмўи ҷиноятҳо ё ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муҳлати зиёда аз 15 сол маҳкум гардида, амалан то  мавриди амал қарор додани  қонуни мазкур зиёда аз 15 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо намуда, қисми боқимондаи ҷазои адонагардидаашон то се сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳои дар қонун пешбинишуда аз адои ҷазои боқимонда озод карда мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg